ТАЛКО аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашиданист, вале ҳукумат муқобили он аст

Date:



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба ҳукумат пешниҳод сохт, ки тарзи фаъолияти корхонаро тағйир доданист ва ният дорад, аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашад, аммо ҳукумат муқобили он аст», – изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр.





           

Муовини аввали вазир гуфт, дар сурати даст кашидан аз низоми мазкур, ҳаҷми воридоти гилхок коҳиш ёфта, истеҳсоли алюминии аввалия метавонад то 260-300 ҳазор тонна поин равад. «Чун истеҳсоли алюминий 3,8 дарсади ММД ва 38-40 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад, ҳукумат ин пешниҳодро пазируфта наметавонад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Ашӯр, ҳукумат дар андешаи бознигарии тарофаҳои интиқоли гилхок ва ҷалби сармоягузорӣ ба истеҳсоли моддаҳои дар таркиби гилхок мавҷудбуда машғул аст. «Мо дар водиҳои Рашту Ҳисор ва Зарафшон беш аз 100 ҳазор тонна захираҳои гилхок дорем», – бо боварӣ мегӯяд ӯ.




           

Амонулло Ашӯр таъкид сохт, ки мебояд сари масъалаи таъмини истеҳсолкунандагони ватанӣ бо ашёи хоми алюминий чораҳои ҷиддӣ андешид, зеро дар кишвар аз маҳсулоти алюминий беш аз 13 корхона истифода мебаранд ва феълан бар асари камбуди ашё корхонаҳои «Регаркабел», Тоҷиккабел», «Чароғ» ва ҳудуди 5 корхона дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд.




           

Муовини аввали вазир афзуд, рӯзҳои наздик вазорат ҷиҳати дастгирӣ аз мавқеихуд ба ҳукумати кишвар пешниҳодот ирсол хоҳад дошт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...