Эмомалӣ Раҳмон ба Алмаато рафт

            Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии навбатии сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ба шаҳри Алмаато раҳсипор гардид.             Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар сафар сарвари давлатро вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии навбатии сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ба шаҳри Алмаато раҳсипор гардид.





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар сафар сарвари давлатро вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандмурод Зикиров ҳамроҳӣ мекунанд.




           

Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқот баррасии масоили марбут ба фаъолияти бунёд, ташкили ҳайати нави мақомоти оинномавӣ, таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва кишварҳои мададрасон дар назар аст.




           

Тирамоҳи соли гузашта тибқи қарори сарони кишварҳои муассиси Бунёд, Қазоқистон дар давоми солҳои 2009-2011 раиси Бунёд интихоб гардид. Моҳи декабри соли гузашта бошад, дар бораи ба Бунёд додани мақоми нозир дар Маҷмаи Кулли СММ аз ҷониби маҷмаъ қатънома қабул карда шуд.




           

Ёдрас мекунем, ки Бунёди байнулмилалии баҳри Арал соли 1993 баҳри бартараф сохтани бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал аз ҷониби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.