Дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии рақами 5-и пойтахт барои хатмкунандагони коллеҷи тиббӣ Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад

            Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббуси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии рақами 5 барои хатмкунандагони коллеҷи тиббии пойтах Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад.             Чӣ тавре ки аз Вазорати тандурустии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур бо мақсади беҳбуди таъминоти муассисаҳои тиббии кишвар бо кормандони миёнаи тиббӣ, […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббуси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии рақами 5 барои хатмкунандагони коллеҷи тиббии пойтах Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати тандурустии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур бо мақсади беҳбуди таъминоти муассисаҳои тиббии кишвар бо кормандони миёнаи тиббӣ, рушди хизматрасонии тибби оилавӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон ба марказҳои солимии пойтахт доир мегардад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон марказҳои солимии пойтахт ба беш аз 600 нафар кадрҳои тиббӣ ниёз доранд. Талаботи умумии марказҳои солимии пойтахт ба табибони оилавӣ 449 пизишк ва 898 ҳамшираи шафқатро ташкил медиҳад. Феълан дар марказҳои солимӣ 250 пизишк ва 256 корманди миёнаи тиббӣ машғули коранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд