Тоҷикистону Ӯзбекистон боз сари мизи гуфтушунид менишинанд

            Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бо пешниҳоди Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии роҳбарони комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузории марзи байни кишварҳо – котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов баргузор мешавад.             Чӣ тавре ки аз департмаенти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бо пешниҳоди Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии роҳбарони комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузории марзи байни кишварҳо – котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки аз департмаенти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мулоқот бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳо доир гардида, дар он ба ҷуз масъалаи идомаи фаъолияти комиссияи кишварҳо оид ба аломатгузории марзҳо дар чаҳор қитъаи боқимонда, инчунин масоили тезонидани корҳо дар самти мувофиқасозӣ ва имзои созишномаҳо дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо, воридоти гази табиии кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурии мо ва ифтитоҳи хатсайрҳои дуҷонибаи мусофирбари нақлиёти заминӣ низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд