Дар марказҳои омӯзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои сохтори пулиси Афғонистон мутахассисон тайёр карда мешаванд

Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров бо сармушовири пулиси Дабири кулли САҲА Кевин Карти масъалаи барои пулиси Афғонистон дар маркази омӯзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тайёр кардани мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров бо сармушовири пулиси Дабири кулли САҲА Кевин Карти масъалаи барои пулиси Афғонистон дар маркази омӯзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тайёр кардани мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо ҷараёни амалсиозии лоиҳаи муштараки «Курси омӯзишӣ барои афсарони пулиси афғон оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухадддир»-ро муафссал баррасӣ намуданд. «Тибқи чорабиниҳои лоиҳа, моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ дар марказҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба омӯзиш фаро гирифтани 40 корманди пулиси бахши мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ба нақша гирифта шуда, машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони Академияи ВКД ва коршиносони Агентии мубориза бо маводи нашъаовар гузаронида мешаванд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, иштирокдорони мулоқот инчунин атрофи дигар масоили мавҷудаи ҳамкории миёни Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ низ табодули афкор карданд.



Кевин Карт бо сафари дурӯзаи корӣ рӯзи 28-уми апрел ба Тоҷикистон ташриф овард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд