Дар Душанбе намояндагии ОИ «Форс» ифтитоҳ мегардад

            Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии нахустини ОИ «Форс»-и Эрон дар хориҷи кишвар ифтитоҳ мегардад. Чанде қабл барои иштирок дар маросими ифтитоҳи намояндагӣ сарвари кулли оҷонсӣ Ризо Муқаддамфар ба шаҳри Душанбе омад.             Намояндаи минтақавии ОИ «Форс» дар минтақаи Осиёи Марказӣ Муҳаммад Сиддиқфар дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии нахустини ОИ «Форс»-и Эрон дар хориҷи кишвар ифтитоҳ мегардад. Чанде қабл барои иштирок дар маросими ифтитоҳи намояндагӣ сарвари кулли оҷонсӣ Ризо Муқаддамфар ба шаҳри Душанбе омад.





           

Намояндаи минтақавии ОИ «Форс» дар минтақаи Осиёи Марказӣ Муҳаммад Сиддиқфар дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, оҷонсӣ пуле хоҳад гардид баҳри муттаҳидсозии кишварҳои дорои решаҳои умумии таърихӣ ва фарҳангии минтақа. Ӯ қайд кард, ки минбаъд оҷонсӣ намояндагиҳои худро дар кишварҳои дигари минтақа, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон низ боз карданист.




           

Номбурда гуфт, намояндагии оҷонсии иттилоотӣ дар Тоҷикистон нахустин дар хориҷи кишвар буда, самти асосии фаъолияти он ба ҳамгиройии кишварҳои минтақа дар бахшҳои иттилоотӣ, илмӣ ва иқтисодӣ равона хоҳад гардид.




           

М.Сиддиқфар бар ин назар аст, ки тавассути тақвияти омилҳое чун зудрасӣ, саҳеҳият, дақиқӣ ва саривақт будани иттилоот оҷонсӣ кӯшишҳои монополия кардани фазои иттилоотӣ дар минтақа ва таҳрифи воқеъият аз ҷониби ВАО-и ғарбиро пешгирӣ хоҳад кард.




           

Зикр гардид, ки рӯзноманигорони тоҷик низ ба ҳамкорӣ бо оҷонсӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд