Вазири молияи ҶТ бо намояндагони муассисаҳои молиявии кишварҳои араб мулоқот орост

Date:





           

Душанбе. 30-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндагони Бонки исломии рушд, Бунёди рушди иқтисодии араби Қувайт ва Бунёди ОПЕК мулоқот орост.









           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили таъсири бӯҳрони молӣ ва механизмҳои сабук гардонидани оқибатҳои он ба иқтисоди кишвар табодули афкор намуданд.








           

Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика ва нақлиёт низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки аз ҷониби муассисаҳои молиявии араб дар Тоҷикистон дастгирӣ мешаванд.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...