Корманди яке аз дорухонаҳои шаҳри Душанбе бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт гардид

Date:



           

Душанбе. 2-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафи Иди 1-уми май кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз се ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.





           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, 30-юми апрел зимни азназаргузаронии яке аз дорухонаҳои пойтахт дар маҳаллаи 46-ум, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 18 килову


248 грамм

маводи афюнро дарёфт ва мусодира кардаанд. «Худи ҳамин рӯз дар маҳаллаи Зарафшон сокини шаҳри Кӯлоб, ки қаблан бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум гардида буд, бо

708 грамм

марихуана дастгир шуд», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, чанде баъдтар боз дар маҳаллаи Зарафшон сокини Душанбе ҳангоми кӯшиши фурӯши

430 грамм

маводи сахттаъсири ҳероин боздошт гардидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...