Тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ аз 1-уми май афзуда намешаванд

Date:


Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи нақшаи пешбинишуда, дар Тоҷикистон аз 1-уми май тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ афзуда намешавад.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар робита ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки муваққатан аз афзудани тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ худдорӣ намояд.



Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон бинобар боло рафтани арзиши нерӯи барқ ба андозаи 25 дарсад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ дода буд, ки аз 1-уми май нархи истифодаи нерӯи барқ 15 дарсад афзуда хоҳад шуд.



Айни замон аҳолӣ барои истифодаи нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 6 дирам пардохт мекунад. Аз оғози соли нав арзиши истифодаи нерӯи барқ барои корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ба андозаи 13,68 дирам, барои муассисаҳои буҷавӣ ва бахши коммуналӣ – 5,44 дирам, барои пойгоҳҳои обкашӣ ва нақлиёти барқӣ- 3,64 дирам муқаррар гардида буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...