Тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ аз 1-уми май афзуда намешаванд

Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи нақшаи пешбинишуда, дар Тоҷикистон аз 1-уми май тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ афзуда намешавад. Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар робита ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки муваққатан аз афзудани тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ худдорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи нақшаи пешбинишуда, дар Тоҷикистон аз 1-уми май тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ афзуда намешавад.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар робита ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки муваққатан аз афзудани тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ худдорӣ намояд.



Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон бинобар боло рафтани арзиши нерӯи барқ ба андозаи 25 дарсад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ дода буд, ки аз 1-уми май нархи истифодаи нерӯи барқ 15 дарсад афзуда хоҳад шуд.



Айни замон аҳолӣ барои истифодаи нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 6 дирам пардохт мекунад. Аз оғози соли нав арзиши истифодаи нерӯи барқ барои корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ба андозаи 13,68 дирам, барои муассисаҳои буҷавӣ ва бахши коммуналӣ – 5,44 дирам, барои пойгоҳҳои обкашӣ ва нақлиёти барқӣ- 3,64 дирам муқаррар гардида буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.