Дар Хоҷа Обигарм мушкилоти вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

            Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар осоишгоҳи Хоҷа Обигарм таҳти унвони «Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон: қонунгузорӣ ва амал» семинари серӯза баргузор шуд.             Семинар аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ташаббусти шаҳрвандии сиёсати Интернет», шӯъбаи тоҷикистонии Институти Ҷомеаи Кушод – Бунёди Мадад, Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар осоишгоҳи Хоҷа Обигарм таҳти унвони «Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон: қонунгузорӣ ва амал» семинари серӯза баргузор шуд.





           

Семинар аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ташаббусти шаҳрвандии сиёсати Интернет», шӯъбаи тоҷикистонии Институти Ҷомеаи Кушод – Бунёди Мадад, Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон созмон дода шуда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, вакилони парлумон, рӯзноманигорон, кормандони мақомоти додгоҳ ва додситонӣ ва коршиносони байнулмилалӣ аз Қазоқистону Бритониё ширкат варзиданд.




           

Дар семинар масоили рушду такмили қонунгузорӣ дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, масъулияти ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қоидаҳои он ва нақши иттилоот дар ҷомеаи имрӯза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Бо натиҷагирӣ аз кори семинар роҷеъ ба беҳбуди вазъи дастрасии аҳолӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон як силсила тавсияҳо таҳия гардид, ки ба ҳкумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.