Тоҷикистон воридоти барқи Туркманистону Ӯзбекистонро қатъ сохт

           Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон аз 1-уми май воридоти барқи Туркманистону Ӯзбекистонро қатъ сохт. Қатъи воридоти нерӯи барқ аз ин кишварҳо ба беҳ шудани вазъи таъминоти нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ вобаста аст ва феълан ҷумҳурӣ имкон пайдо кард, ки аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳоро мустақилона бо нерӯи барқ таъмин созад. Дар ин […]

Виктория Наумова




          



Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон аз 1-уми май воридоти барқи Туркманистону Ӯзбекистонро қатъ сохт. Қатъи воридоти нерӯи барқ аз ин кишварҳо ба беҳ шудани вазъи таъминоти нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ вобаста аст ва феълан ҷумҳурӣ имкон пайдо кард, ки аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳоро мустақилона бо нерӯи барқ таъмин созад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.



Бино ба иттилои манбаъ, аз 1-уми ноябри соли 2008 то 1-уми майи соли ҷорӣ аз Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 1,072 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ворид шудааст. Тибқи қарордоди соли 2007 миёни Тоҷикистону Туркманистон, Туркманистон ӯҳдадор шуд, ки то соли 2012 дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад, вале бо сабабҳои маълум интиқоли он дар моҳҳои-ноябр-декабри соли гузашта 400 млн. кВт/соатро ташкил дода, интиқоли минбаъдаи он танҳо 27-уми феврали соли ҷорӣ барқарор гардид.



Дар ҳамин ҳол, аз 27-уми феврал то 1-уми май ба Тоҷикистон 251 млн. кВт/соат нерӯи барқи Ӯзбекистон интиқол дода шудааст, ки тибқи қарордод, он бояд 300 млн. кВт/соатро ташкил медод. «Акнун Ӯзбекистон 50 млн. кВт/соат қарзи боқимондаашро бояд тирамоҳ ба Тоҷикистон баргардонад», – гуфт ӯ.



Зикр гардид, ки Тоҷикистон аз 1-уми май интиқоли нерӯи барқ ба Қазоқистонро оғоз намуд. «Дар мавсими зимистон мо аз Қазоқистон 88 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифта будем ва шурӯъ аз 1-уми май ҷиҳати ҳисоббаробарӣ кардани қарз ба ин кишвар ҳамарӯза 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳем», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.