ВКД: Ғорати мағозаи «Вохӯрӣ» аз ҷониби фурӯшандаи «ҷабрдида» ва бародари ӯ сохтакорӣ шудааст

Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ғорати мағозаи «Вохӯрӣ» дар қисмати ҷанубу шарқии пойтахт, ки рӯзи 27-уми апрел сурат гирифта буд, аз ҷониби фурӯшандаи «ҷабрдида» ва бародари ӯ сохтакорӣ шудааст. Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, баҳри азхуд кардани 4 ҳазор доллари ИМА, ки ба соҳиби мағоза тааллуқ дошт, фурӯшандаи […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ғорати мағозаи «Вохӯрӣ» дар қисмати ҷанубу шарқии пойтахт, ки рӯзи 27-уми апрел сурат гирифта буд, аз ҷониби фурӯшандаи «ҷабрдида» ва бародари ӯ сохтакорӣ шудааст.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, баҳри азхуд кардани 4 ҳазор доллари ИМА, ки ба соҳиби мағоза тааллуқ дошт, фурӯшандаи мағоза бо бародари худ забон як карда, ғорати шабонаро сохтакорӣ мекунанд. «Бародари фурӯшанда дастҳои ӯро баста, сипас ба бародари калонӣ занг мезанад, ки мағоза ғорат шудааст, – гуфт манбаъ. – Субҳи рӯзи дигар онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки ғоратгарон шабона бо таҳдиди истифодаи силоҳ калиди сейфро аз онҳо гирифта, 4 ҳазор доллари дар он бударо ба яғмо бурданд».



Аз рӯи ин далел нисбат ба аъмоли бародарон Акбарҷон ва Охунҷон Маҳмадҷоновҳо тибқи моддаи 346, қ.2-и КҶ ҶТ (маълумоти пешакии бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.