Дар Хонаи кинои пойтахт намоиши филмҳо дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ гардид

Дата:


Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи таҷлили ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Хонаи кинои ба номи Кимёнарови пойтахт намоиши филмҳои ҳунарӣ дар бораи ҷанг шурӯъ шуд.




Чӣ тавре ки аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз намоиши филми коргардон Константин Симонов «Маро интизор шав» (Жди меня) ва фардо филми «Писархонди полк» (Сын полка) баргузор мешавад.



Ба қавли намояндаи сафорат, намоиши филм барои ҳамаи хоҳишмандон ройгон аст. «Қабл аз оғози намоиш ба тамошобинон лентаи георгиевӣ тақдим карда хоҳад шуд, ки рамзи ҷасуриву шараф ва эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои собиқадорону ҷангу меҳнат аст», – афзуд манбаъ.


Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное