Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба 24 соли зиндон маҳкум кард

Date:


Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 24 соли зиндон маҳкум кард.




Чӣ тавре ки аз Додгоҳи Олии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, шаҳрвандони Афғонистон – Хайриддин валади Сулаймон ва Назир валади Имомназар охирҳои соли гузашта дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод боздошт гардида буданд.



Ба иттилои манбаъ, ҳангоми боздошт аз онҳо ҳудуди 30 кило маводи мухаддири каннабис, 48 кило ҳашиш, 6 кило ҳероин, силоҳи оташфишон ва муҳимот барои он дарёфт ва мусодира карда шуда буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...