Сохтмони терминали нави фурудгоҳи пойтахт соли 2011 ба анҷом мерасад

            Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Маблағи хароҷоти сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба 27 млн. Евро баробар аст.             Сарвари кулли фурудгоҳ Рустам Холиқов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки рӯзи 4-уми апрел бо ширкатҳои сохтмонии Фаронса дар бораи сохтмон ва мавриди истифода қарор додани терминали нав қарордод […]

Мунаввара Рябикина



           

Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Маблағи хароҷоти сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба 27 млн. Евро баробар аст.





           

Сарвари кулли фурудгоҳ Рустам Холиқов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки рӯзи 4-уми апрел бо ширкатҳои сохтмонии Фаронса дар бораи сохтмон ва мавриди истифода қарор додани терминали нав қарордод ба имзо расидааст. «Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби Фаронса дар ҳаҷми 20 млн. ва Тоҷикистон 7 млн. Евро маблағгузорӣ карда мешавад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи сарвари кулли фурудгоҳ терминали нав ҷавобгӯи ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ хоҳад буд. «Чанд рӯз пештар дар фурудгоҳ терминали нави додани бағочи мусофирон бо банди (лентаи) интиқолдиҳанда ба истифода дода шуд, ки акнун мусофирон барои гирифтани бағочи худ аз ним соат зиёдтар вақт сарф нахоҳанд кард», – афзуд Р.Холиқов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.