Миёни ҲХДТ ва Ҳизби «Оқ-Жол»-и Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Date:



           

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории Анҷумани


IV


-уми Ҳизби «Оқ-Жол»-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода ва ҷонишини раиси Ҳизби «Оқ-Жол» Автандил Арабаев дар бораи ҳамкории ҳизбҳо созишнома ба имзо расониданд.





           

Тавре Д.Давлатзода таъкид намуд, имзои созишнома ба рушди муносиботи миёни ҳизбҳо муосидат менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳизбҳо дар навбати худ, ба рушди муносиботи миёни давлатҳо таъсир мерасонанд. «Манфиатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳизбҳои пешбари ҳарду кишварро ба таҳкими мутақобилаи ҳамкориҳо водор месозад», – гуфт ӯ.




           

А.Арабоев дар ҷараёни мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар аксар соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисодиёт, фарҳанг ва фаъолияти давлатӣ, махсусан дар риштаи истифодаи сарфакоронаи захирахои гидроэнергетики ду давлат манфиатҳои муштарак доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...