Шабонарӯзи гузашта дар фурудгоҳҳои кишвар аз ду кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ карда шуд

Date:



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта дар фурудгоҳҳои кишвар аз ду ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ намуданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамот хабар доданд, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони 30-солаи пойтахт Сӯҳроб Зайдуллоев ва Марина Аҳмедова боздошт шуданд, ки аз онҳо ба миқдори умумии беш аз 1 кило маводи сахттаъсири ҳероин мусодира карда шуд.




 

«С.Зайдуллоев дар пинҳонгоҳи борхалтаи сафарӣ


800 грамм

ҳероинро мехост аз Кӯлоб то Маскав расонад ва М.Аҳмедова дар дохили меъдааш

200 грамм

маводро аз Душанбе то шаҳри Самара бурданӣ буд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...