Шабонарӯзи гузашта дар фурудгоҳҳои кишвар аз ду кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ карда шуд

            Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта дар фурудгоҳҳои кишвар аз ду ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ намуданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамот хабар доданд, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта дар фурудгоҳҳои кишвар аз ду ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ намуданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамот хабар доданд, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони 30-солаи пойтахт Сӯҳроб Зайдуллоев ва Марина Аҳмедова боздошт шуданд, ки аз онҳо ба миқдори умумии беш аз 1 кило маводи сахттаъсири ҳероин мусодира карда шуд.




 

«С.Зайдуллоев дар пинҳонгоҳи борхалтаи сафарӣ


800 грамм

ҳероинро мехост аз Кӯлоб то Маскав расонад ва М.Аҳмедова дар дохили меъдааш

200 грамм

маводро аз Душанбе то шаҳри Самара бурданӣ буд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.