Дар чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва фаннӣ Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи 36 млн. Евро кӯмаки ройгон ҷудо мекунад

Date:


Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф ба маблағи умумии 36 млн. Евро ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.




Созишномаи байниҳукуматии имзошуда дар бораи ҳамкории кишварҳо барои солҳои 2008-2009,

 

аз ҷониби ҳукумати Олмон ҷудо кардани воситаҳои бурсӣ ба маблағи 29 млн. Евроро пешбинӣ мекунад, ки ба татбиқи лоиҳаҳои рушди маблағгузории хурд дар манотиқи деҳот (4,5 млн.), таъсиси бонки молиявии хурд (марҳилаи саввум – 2,5 млн.), ҳифзи солимии модару кӯдак ва беҳбуди низоми кӯмаки таъҷилии тиббӣ (7,4 млн.), мубориза алайҳи бемории сил (4,6 млн.) ва ивази дастгоҳҳои тақсими нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Норак (5 млн. Евро) равона хоҳад гардид.



Ғайр аз ин, 5 млн. Евро маблағ барои сохтмони панҷ нерӯгоҳи барқии иқтидори миёна истифода хоҳад гардид, ки яке аз онҳо нерӯгоҳи «Оқсӯ» дар ноҳияи Мурғоб мебошад.



Ҳамчунин ҷонибҳо ба маблағи умумии 7 млн. Евро оид ба ҳамкории фаннӣ созишнома ба тасвиб расониданд. Ин маблағҳои бурсӣ баҳри мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии маблағгузориҳои хурд ба рушди манотиқи деҳот, суръат бахшидани раванди ислоҳот дар соҳаи маълумоти касбиву ибтидоӣ ва таъсиси бунёди пардохти ташхисҳо пешбинӣ шудаанд.



Ба гуфтаи Ғ.Бобозода, аз замони шурӯъи ҳамкориҳои молиявӣ ва фаннӣ миёни кишварҳо маблағи умумии ҷудогардида 119,3 млн. Евроро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...