Дар чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва фаннӣ Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи 36 млн. Евро кӯмаки ройгон ҷудо мекунад

Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф ба маблағи умумии 36 млн. Евро ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаи байниҳукуматии имзошуда дар бораи ҳамкории кишварҳо барои солҳои 2008-2009,   аз ҷониби ҳукумати Олмон ҷудо […]

Виктория Наумова


Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф ба маблағи умумии 36 млн. Евро ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.




Созишномаи байниҳукуматии имзошуда дар бораи ҳамкории кишварҳо барои солҳои 2008-2009,

 

аз ҷониби ҳукумати Олмон ҷудо кардани воситаҳои бурсӣ ба маблағи 29 млн. Евроро пешбинӣ мекунад, ки ба татбиқи лоиҳаҳои рушди маблағгузории хурд дар манотиқи деҳот (4,5 млн.), таъсиси бонки молиявии хурд (марҳилаи саввум – 2,5 млн.), ҳифзи солимии модару кӯдак ва беҳбуди низоми кӯмаки таъҷилии тиббӣ (7,4 млн.), мубориза алайҳи бемории сил (4,6 млн.) ва ивази дастгоҳҳои тақсими нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Норак (5 млн. Евро) равона хоҳад гардид.



Ғайр аз ин, 5 млн. Евро маблағ барои сохтмони панҷ нерӯгоҳи барқии иқтидори миёна истифода хоҳад гардид, ки яке аз онҳо нерӯгоҳи «Оқсӯ» дар ноҳияи Мурғоб мебошад.



Ҳамчунин ҷонибҳо ба маблағи умумии 7 млн. Евро оид ба ҳамкории фаннӣ созишнома ба тасвиб расониданд. Ин маблағҳои бурсӣ баҳри мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии маблағгузориҳои хурд ба рушди манотиқи деҳот, суръат бахшидани раванди ислоҳот дар соҳаи маълумоти касбиву ибтидоӣ ва таъсиси бунёди пардохти ташхисҳо пешбинӣ шудаанд.



Ба гуфтаи Ғ.Бобозода, аз замони шурӯъи ҳамкориҳои молиявӣ ва фаннӣ миёни кишварҳо маблағи умумии ҷудогардида 119,3 млн. Евроро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.