Дар масъалаи ҳифзи муҳити зист КВД «Талко» ӯҳдадориҳои нав қабул кард

            Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) бо шарики стратегии худ – ширкати Hydro Aluminium оид ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва бехатарии корҳо дар саноат Протокол ба имзо мерасонад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ дод, имзои протоколи мазкур ба […]

Роза Шапошник



           

Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) бо шарики стратегии худ – ширкати


Hydro Aluminium оид ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва бехатарии корҳо дар саноат Протокол ба имзо мерасонад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ дод, имзои протоколи мазкур ба беҳбудсозии кори ширкат дар мавриди ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва бехатарии корҳо дар саноат мусоидат мекунад. «Бо имзои ин санад ҳайати менеҷменти ширкат ба риояи меъёрҳои байнулмилалӣ зимни иҷрои корҳо дар ин самт омодагӣ изҳор намуда, таҳия ва ҷорӣ сохтани Сиёсат ва Стратегияи ширкатро барои солҳои 2010-2013 ба роҳ мемонад», – гуфт сухангӯи ширкат.




           

С.Қодирова афзуд, яке аз ҳадафҳои стратегия – пайдо намудани шарикон ва дастрасии маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои нав, аз ҷумла «Механизми рушди тоза» мебошад.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.