Дар масъалаи ҳифзи муҳити зист КВД «Талко» ӯҳдадориҳои нав қабул кард

Date:



           

Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) бо шарики стратегии худ – ширкати


Hydro Aluminium оид ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва бехатарии корҳо дар саноат Протокол ба имзо мерасонад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ дод, имзои протоколи мазкур ба беҳбудсозии кори ширкат дар мавриди ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва бехатарии корҳо дар саноат мусоидат мекунад. «Бо имзои ин санад ҳайати менеҷменти ширкат ба риояи меъёрҳои байнулмилалӣ зимни иҷрои корҳо дар ин самт омодагӣ изҳор намуда, таҳия ва ҷорӣ сохтани Сиёсат ва Стратегияи ширкатро барои солҳои 2010-2013 ба роҳ мемонад», – гуфт сухангӯи ширкат.




           

С.Қодирова афзуд, яке аз ҳадафҳои стратегия – пайдо намудани шарикон ва дастрасии маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои нав, аз ҷумла «Механизми рушди тоза» мебошад.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...