То имрӯз аз ҳамлаи малах беш аз 55 ҳазор гектар замини кишт осеб дид

Date:


Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз малах дар беш аз 55 ҳазор гектар замини кишти ҷумҳурӣ паҳн шудааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев иттилоъ дод, мутахассисони корхона аз 288 ҳазор гектари пешбинишуда дар майдони 131 ҳазор гектар санҷиш гузарнидаанд ва то имрӯз беш аз 44 ҳазор гектар замини кишт бо маводи кимиёвӣ коркард карда шудааст.



Номбурда мегӯяд, дар вилояти Хатлон аз ҳама бештар ба заминҳои кишт зарар расонида шудааст, ки он ба 44 ҳазор гектар баробар аст. «Дар вилояти Суғд дар майдони 3,5 ҳазор гектар малахҳо ба мушоҳида расида, то ҳанӯз хавфи паҳншавии бештари он дар ин минтақа вуҷуд дорад», – гуфт ӯ.



Қ.Ғаниев афзуд, айни замон барои мубориза баҳри пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараррасон 26 трактор бо дастгоҳҳои гуногуни чангпош, 1 ҳазору 59 адад чангпошакҳои дастӣ ва 1,5 ҳазор нафар одамон сафарбар шудаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...