То имрӯз аз ҳамлаи малах беш аз 55 ҳазор гектар замини кишт осеб дид

Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз малах дар беш аз 55 ҳазор гектар замини кишти ҷумҳурӣ паҳн шудааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев иттилоъ дод, мутахассисони корхона аз 288 ҳазор гектари пешбинишуда дар майдони 131 ҳазор гектар санҷиш гузарнидаанд ва то имрӯз беш аз […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз малах дар беш аз 55 ҳазор гектар замини кишти ҷумҳурӣ паҳн шудааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев иттилоъ дод, мутахассисони корхона аз 288 ҳазор гектари пешбинишуда дар майдони 131 ҳазор гектар санҷиш гузарнидаанд ва то имрӯз беш аз 44 ҳазор гектар замини кишт бо маводи кимиёвӣ коркард карда шудааст.



Номбурда мегӯяд, дар вилояти Хатлон аз ҳама бештар ба заминҳои кишт зарар расонида шудааст, ки он ба 44 ҳазор гектар баробар аст. «Дар вилояти Суғд дар майдони 3,5 ҳазор гектар малахҳо ба мушоҳида расида, то ҳанӯз хавфи паҳншавии бештари он дар ин минтақа вуҷуд дорад», – гуфт ӯ.



Қ.Ғаниев афзуд, айни замон барои мубориза баҳри пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараррасон 26 трактор бо дастгоҳҳои гуногуни чангпош, 1 ҳазору 59 адад чангпошакҳои дастӣ ва 1,5 ҳазор нафар одамон сафарбар шудаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.