Президенти ҷумҳурӣ истифодаи аксҳо бо мақсади худнамоиро манъ сохт

Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқияи махсуси телефонӣ равона намуд, ки дар он омадааст: «Бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар байни мардум дастур медиҳам, ки портретҳо ва […]

root


Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқияи махсуси телефонӣ равона намуд, ки дар он омадааст:




«Бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар байни мардум дастур медиҳам, ки портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Президенти мамлакат аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳои мошингард гирифта шаванд.



Ҳамчунин лавҳаю овезаҳои сипосгузорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар

 

роҳбарон, ки

 

дар ёдгориҳои таърихӣ, мақбара ва мазорҳо гузошта шудаанд, гирифта шаванд.



Минбаъд дар кадом шакл гузоштани аксҳои Роҳбари давлат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад».


Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.