Ҳамаи агрегатҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба кор даромаданд

Date:


Душанбе. 16-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар агрегати чаҳорум ва охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба истеҳсоли барқ шурӯъ кард.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ доданд, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум ҳанӯз маънои онро надорад, ки сохтмони иншоот комилан анҷом ёфтааст.



Бино ба иттилои манбаъ, пурра ба истифода додани иншоот бунёди зерсохтори зарурӣ – ободонии гирду атрофи нерӯгоҳ, обанбор ва шаҳраки энергетикҳоро дар назар дорад. Интизор меравад, ки моҳи август пас аз пур кардани обанбор бо миқдори зарурии об нерӯгоҳ бо иқтидори пурра фаъолият мекунад.



Дар маросими ботантанаи пурра ба истифода додани нерӯгоҳ иштироки сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.



Тибқи маълумоти сарчашма, то рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ 3 агрегати нерӯгоҳ тақрибан 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.





Маълумотнома:








Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон воқеъ аст, лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...