Ҳамаи агрегатҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба кор даромаданд

Душанбе. 16-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар агрегати чаҳорум ва охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба истеҳсоли барқ шурӯъ кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ доданд, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум ҳанӯз маънои онро надорад, ки сохтмони иншоот комилан анҷом ёфтааст. Бино ба иттилои манбаъ, пурра ба истифода додани […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар агрегати чаҳорум ва охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба истеҳсоли барқ шурӯъ кард.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ доданд, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум ҳанӯз маънои онро надорад, ки сохтмони иншоот комилан анҷом ёфтааст.



Бино ба иттилои манбаъ, пурра ба истифода додани иншоот бунёди зерсохтори зарурӣ – ободонии гирду атрофи нерӯгоҳ, обанбор ва шаҳраки энергетикҳоро дар назар дорад. Интизор меравад, ки моҳи август пас аз пур кардани обанбор бо миқдори зарурии об нерӯгоҳ бо иқтидори пурра фаъолият мекунад.



Дар маросими ботантанаи пурра ба истифода додани нерӯгоҳ иштироки сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.



Тибқи маълумоти сарчашма, то рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ 3 агрегати нерӯгоҳ тақрибан 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.





Маълумотнома:








Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон воқеъ аст, лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.