Дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои Ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд

            Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи баргузории Ҳафтаи ҷавонон дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуда, дар он ҳудуди 200 ҳазор нафар сокинони кишвар иштирок карданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар доираи Ҳафтаи ҷавонон инчунин як қатор […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи баргузории Ҳафтаи ҷавонон дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуда, дар он ҳудуди 200 ҳазор нафар сокинони кишвар иштирок карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар доираи Ҳафтаи ҷавонон инчунин як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла баҳри дарёфти Ҷоми мақомоти шаҳрдории пойтахт мусобиқоти футбол миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр ва корхонаву муассисаҳо низ доир мегардад. Ҳамзамон миёни рассомон таҳти унвони «Манзараҳои пойтахти ман» баргузории озмун ва ба муносибаи Соли бузургдошти Имоми Аъзам созмон додани конфронси илмиву амалӣ дар назар аст.




           

Ш.Саидов изҳор дошт, ки бевосита дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони пойтахт муқобили маводи нашъаовар ва паҳншавии бемории ВИЧ/СПИД» чорабинии таблиғотии умумишаҳрӣ гузаронида шуда, ҳамчунин дар байни хонандагони синфҳои болоии макотиби шаҳр озмуни иншои беҳтарин дар ин мавзӯъ низ барпо мешавад.




           

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи ҷавон дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 1998 таҷлил мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.