Дар мусобиқоти интихобии Ҷоми президенти КФО «Регар»-ТадАЗ дар гурӯҳи худ пешсаф шуд

Date:



           

Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз вохӯриҳои даври дуввуми мусобиқоти интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дастаи «Регар»-ТадАЗ дар гурӯҳи «А» пешсафиро ба даст гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, футболбозони тоҷик дар даври дуввум бар дастаи «Тайван Пауэр Кампании» бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз гардида, бо дарёфти 4 хол ба зинаи аввали ҷадвал баромданд.




           

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар даври охирин дастаи «Регар»-ТадАЗ бо соҳибони майдон – дастаи «Непал Полис Клаб», ки бо як хол дар ҷойи охирини ҷадвал қарор дорад, қувваозмойӣ хоҳад кард. Дастаҳои дигари гурӯҳи «А» – «Тайван» ва «ВАПДА», ки мутаносибан 3 ва 2 хол доранд, бо ҳам бозӣ мекунанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...