Чехия ба таъмини Тоҷикистон бо таҷҳизоти гидротехникӣ ва сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд изҳори омодагӣ кард

Душанбе. 16-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва сарвари кулли ширкати «Виктория Проект»-и Чехия Ян Чичел дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чехия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ долданд, ҳайати Чехия бо мақсади омӯзиши имконоти […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва сарвари кулли ширкати «Виктория Проект»-и Чехия Ян Чичел дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чехия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ долданд, ҳайати Чехия бо мақсади омӯзиши имконоти ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетикаву сохтмон ба ҷумҳурӣ ташриф овардааст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафар ҳайати Чехия бо мақомоти раҳбарии Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва КВДҶ «Тектилмаш» дидору гуфтушунид хоҳад кард.



Ба иттилои манбаъ, Шариф Саид ба меҳмонон оид ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, изҳор доштааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна барои иқтисоди кишвар самти афзалиятнок шуморида мешавад, зеро ҷумҳурӣ аз захоири бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа бархӯрдор аст.



Дар навбати худ мудири кулли ширкати «Виктория Проект» Ян Чичел иброз доштааст, ки ширкат натанҳо Тоҷикистонро бо таҷҳизоти гидротехникӣ таъмин карда метавонад, балки дар лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна хоҳиши иштирок карданро низ дорад. Номбурда гуфтааст, онҳо пешакӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар гирду атрофи шаҳри Ваҳдатро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва акнун мехоҳанд роҷеъ ба ҷузъиёти корҳои

 

сохтмон бо фармоишгарон гуфтушунид намоянд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.