Муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» ба осебдидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – 19 майи соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Ар-Риёз бо Раиси муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» Амир ал-Валид ибни Талол мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Раиси муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» барои кӯмакҳои башардӯстонааш ба мардуми Тоҷикистон изҳори […]

root


Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – 19 майи соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Ар-Риёз бо Раиси муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» Амир ал-Валид ибни Талол мулоқот анҷом дод.




Дар ин вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Раиси муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» барои кӯмакҳои башардӯстонааш ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Зимни сӯҳбат зикр шуд, ки кӯмакҳо метавонанд ҳамчунин дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ба хонаҳои кӯдакони бепарастор ва пирони барҷомонда сурат гиранд. Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки ин амал метавонад тавассути ҳамкориҳои муштарак бо Фонди хайрияи Тоҷикистон амалӣ шавад.



Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои тиҷоратию саноатии байни ҳарду кишвар ҷонибҳо баргузор гардидани бизнес-форуми қарибулвуқӯи тоҷикистонию саудиро дар рӯзҳои 22-23 майи соли ҷорӣ дар Душанбе саривақтӣ ва муассир арзёбӣ намуданд.



Амир ал-Валид ибни Талол дар бораи ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи туризм ва сохтани меҳмонхонаҳо изҳори омодагӣ кард.



Дар ҷараёни сӯҳбат мувофиқа ҳосил гардид, ки Амир ал-Валид бо ҳайати худ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.



Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои дӯст ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар бораи кӯмак расондан ба зарардидагони обхезиҳои охирин дар ҷумҳурӣ cухан рафт. Ҷониби саудӣ барои омӯзиши масъала ва пешкаш кардани ёрии башардӯстона изҳори омодагӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.