Таъмири агрегати саввуми нерӯгоҳи «Норак» аввали моҳи июн ба анҷом мерасад

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Таъмири агрегати саввуми нерӯгоҳи «Норак» аввали моҳи июн ба анҷом мерасад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, мутобиқи нақша, мутахассисони ширкати русиягии ҶДММ «Бурейск СГ» насби таҷҳизоти агрегатро бояд то рӯзи 5-уми июн ба итмом расонанд. «Чархаи кории агрегати саввум дар корхонаи механикиву […]

Виктория Наумова


Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Таъмири агрегати саввуми нерӯгоҳи «Норак» аввали моҳи июн ба анҷом мерасад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, мутобиқи нақша, мутахассисони ширкати русиягии ҶДММ «Бурейск СГ» насби таҷҳизоти агрегатро бояд то рӯзи 5-уми июн ба итмом расонанд. «Чархаи кории агрегати саввум дар корхонаи механикиву турбинаи Сумск (Украина) тайёр карда шуда, дигар қисмҳои эҳтиётӣ дар дохили кишвар, аз ҷмла, дар корхонаи «Текстилмаш» аз таъмири асосӣ бароварда шуданд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ аз таъмир баровардани таҷҳизот мутахассисони украинӣ даъват шудаанд ва онҳо аз рафти раванди истеҳсолоти технологӣ назорат мебаранд. «Айни замон дар корхонаи Сумск барои яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ чарха тайёр карда мешавад ва мутобиқи шартнома, он бояд то моҳи сентябр омода гардад», – гутфанд дар ширкат.



Зикр гардид, ки дар марҳилаи аввал қарор шуда буд, ки аз 9 чархаи корӣ дар корхонаи Сумск сетоаш тайёр карда мешавад, вале феълан масъалаи омода сохтани агрегатҳои боқимонда дар корхонаи «Турбоатом»- шаҳри Харкови Украина мавриди баррасӣ қарор дорад ва гуфтушунидҳо дар ин хусус ба марҳилаи ниҳоӣ расида, ояндаи наздик имзои қарордод дар назар аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.