Таъмири агрегати саввуми нерӯгоҳи «Норак» аввали моҳи июн ба анҷом мерасад

Date:


Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Таъмири агрегати саввуми нерӯгоҳи «Норак» аввали моҳи июн ба анҷом мерасад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, мутобиқи нақша, мутахассисони ширкати русиягии ҶДММ «Бурейск СГ» насби таҷҳизоти агрегатро бояд то рӯзи 5-уми июн ба итмом расонанд. «Чархаи кории агрегати саввум дар корхонаи механикиву турбинаи Сумск (Украина) тайёр карда шуда, дигар қисмҳои эҳтиётӣ дар дохили кишвар, аз ҷмла, дар корхонаи «Текстилмаш» аз таъмири асосӣ бароварда шуданд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ аз таъмир баровардани таҷҳизот мутахассисони украинӣ даъват шудаанд ва онҳо аз рафти раванди истеҳсолоти технологӣ назорат мебаранд. «Айни замон дар корхонаи Сумск барои яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ чарха тайёр карда мешавад ва мутобиқи шартнома, он бояд то моҳи сентябр омода гардад», – гутфанд дар ширкат.



Зикр гардид, ки дар марҳилаи аввал қарор шуда буд, ки аз 9 чархаи корӣ дар корхонаи Сумск сетоаш тайёр карда мешавад, вале феълан масъалаи омода сохтани агрегатҳои боқимонда дар корхонаи «Турбоатом»- шаҳри Харкови Украина мавриди баррасӣ қарор дорад ва гуфтушунидҳо дар ин хусус ба марҳилаи ниҳоӣ расида, ояндаи наздик имзои қарордод дар назар аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...