Вазири молияи ҶТ: Таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ охири сол боздошта хоҳад шуд

spot_imgspot_img

Дата:



           

Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар мусоҳиба ба шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ охири сол боздошта хоҳад шуд.





           

Ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди кишвар аз оғози соли оянда шурӯъ гардида, вале ин пешравӣ танҳо нисбат ба соли бӯҳронӣ хоҳад буд. «Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаи рушди иқтисоди ҷумҳурӣ 2,9 дарсадро ташкил дод, ҳарчанд мо танҳо 2 дарсадро интизорӣ доштем ва дар моҳҳои минбаъда рушди он босуръаттар мешавад», – гуфт ӯ.




           

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки айни замон бо мақсади коҳиши таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисод, вазорат ба маблағгузорӣ дар бахши воқеии иқтисоду соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад. «Ҳаҷми маблағи норасоии қисми даромади буҷаи кишвар 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва мо умедворем, ки ин маблағро аз хориҷи кишвар дарёфт намоем», – баён дошт вазири молия.




           

Вазир инчунин гуфт, рӯзҳои наздик бо созмонҳои мададрасони муқими Тоҷикистон мулоқоти дуввум баргузор гардида, дар он масъалаи таъмини кишвар бо кӯмаки иловагӣ баррасӣ мешавад. «Ҳамзамон мо умедворем, ки пас аз ташаккули комили буҷаи Фонди зиддибӯҳронии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ин ҳисоб низ моро дастгирӣ хоҳанд кард», – афзуд С.Наҷмиддинов.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...