Вазири молияи ҶТ: Таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ охири сол боздошта хоҳад шуд

            Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар мусоҳиба ба шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ охири сол боздошта хоҳад шуд.             Ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди кишвар аз оғози соли оянда шурӯъ гардида, вале ин пешравӣ танҳо нисбат ба […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар мусоҳиба ба шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ охири сол боздошта хоҳад шуд.





           

Ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди кишвар аз оғози соли оянда шурӯъ гардида, вале ин пешравӣ танҳо нисбат ба соли бӯҳронӣ хоҳад буд. «Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаи рушди иқтисоди ҷумҳурӣ 2,9 дарсадро ташкил дод, ҳарчанд мо танҳо 2 дарсадро интизорӣ доштем ва дар моҳҳои минбаъда рушди он босуръаттар мешавад», – гуфт ӯ.




           

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки айни замон бо мақсади коҳиши таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисод, вазорат ба маблағгузорӣ дар бахши воқеии иқтисоду соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад. «Ҳаҷми маблағи норасоии қисми даромади буҷаи кишвар 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва мо умедворем, ки ин маблағро аз хориҷи кишвар дарёфт намоем», – баён дошт вазири молия.




           

Вазир инчунин гуфт, рӯзҳои наздик бо созмонҳои мададрасони муқими Тоҷикистон мулоқоти дуввум баргузор гардида, дар он масъалаи таъмини кишвар бо кӯмаки иловагӣ баррасӣ мешавад. «Ҳамзамон мо умедворем, ки пас аз ташаккули комили буҷаи Фонди зиддибӯҳронии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ин ҳисоб низ моро дастгирӣ хоҳанд кард», – афзуд С.Наҷмиддинов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.