Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба панҷ созмони ҷавонони ҶТ ба маблағи умумии 45 ҳазор $ бурс ҷудо наму

spot_imgspot_img

Дата:



           

Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ғолибони бурсҳои Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2009-ро эълом дошт. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома ба панҷ созмони ҷамъиятӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бурсҳо ҷудо карда мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БҶ дар ҶТ иттилоъ доданд, мавзӯи асосии Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар бахшида шудааст. «Барои соҳиб шудан ба бурсҳо 63 созмони маҳаллии ҷамъиятӣ лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд, ки аз онҳо комиссия 5-тоашро интихоб намуд ва ба ғолибон баҳри амалисозии лоиҳаи пешниҳодкардаашон аз 5 то 10 ҳазор доллари ИМА маблағҳои бурсӣ ҷудо гардида, ҳаҷми умумии он 45 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, дар Тоҷикистон созмони ҷамъиятии «Академияи мухобироти оммавӣ», иттиҳодияи ҷамъиятии (ИҶ) «Маркази фанновариҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ», Маркази тоҷикистонии дастгирии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занон ва ҷавонони «Фемида», ИҶ «ШОТО» ва ИҶ «Маркази ташбаббускори ҷавонони «Тараққиёт» соҳиби маблағҳои бурсӣ гардиданд.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...