Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба панҷ созмони ҷавонони ҶТ ба маблағи умумии 45 ҳазор $ бурс ҷудо наму

            Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ғолибони бурсҳои Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2009-ро эълом дошт. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома ба панҷ созмони ҷамъиятӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бурсҳо ҷудо карда мешаванд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БҶ дар ҶТ иттилоъ доданд, […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ғолибони бурсҳои Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2009-ро эълом дошт. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома ба панҷ созмони ҷамъиятӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бурсҳо ҷудо карда мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БҶ дар ҶТ иттилоъ доданд, мавзӯи асосии Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар бахшида шудааст. «Барои соҳиб шудан ба бурсҳо 63 созмони маҳаллии ҷамъиятӣ лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд, ки аз онҳо комиссия 5-тоашро интихоб намуд ва ба ғолибон баҳри амалисозии лоиҳаи пешниҳодкардаашон аз 5 то 10 ҳазор доллари ИМА маблағҳои бурсӣ ҷудо гардида, ҳаҷми умумии он 45 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, дар Тоҷикистон созмони ҷамъиятии «Академияи мухобироти оммавӣ», иттиҳодияи ҷамъиятии (ИҶ) «Маркази фанновариҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ», Маркази тоҷикистонии дастгирии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занон ва ҷавонони «Фемида», ИҶ «ШОТО» ва ИҶ «Маркази ташбаббускори ҷавонони «Тараққиёт» соҳиби маблағҳои бурсӣ гардиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.