Дар Душанбе як пинҳонгоҳи бузурги аслиҳаи оташфишон ошкор гардид

            Душанбе. 23-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе кормандони милиса як пинҳонгоҳи бузурги аслиҳаи оташфишонро ошкор сохтанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, чанде пештар дар манзили зисти хусусие дар пойтахт пинҳонгоҳе ошкор карда шуд, ки аз он 5 адад автомати Калашников, 1 норинҷакафкан бо […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 23-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе кормандони милиса як пинҳонгоҳи бузурги аслиҳаи оташфишонро ошкор сохтанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, чанде пештар дар манзили зисти хусусие дар пойтахт пинҳонгоҳе ошкор карда шуд, ки аз он 5 адад автомати Калашников, 1 норинҷакафкан бо 27 дона тир, 12 тирдон, 2 норинҷак бо таҷҳизоти тарканда ва 763 дона муҳимоти гуногун дарёфт ва мусодира гардид.




           

Ба иттилои манбаъ, ҳамон рӯз дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зимни азназаргузаронии боғи ба иҷора гирифтаи шаҳрванд Х.Р. 1 автомати Калашников бо 4 адад тирдон ва тирҳои андозаи


7,62 мм

дарёфт ва мусодира карда шуд.




           

Мувофиқи маълумоти фаврии вазорат, шурӯъ аз оғози сол кормандони мақомоти милисаи кишвар 501 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 124 адад автомати Калашников, 56 адад туфангча, 93 адад силоҳи дигари бурранда ва 56 адад норинҷакафкан дарёфт ва мусодира карданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.