Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт

            Душанбе. 23-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» за Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ба ин муносибат дар маркази фарҳангу ҷавонони «Ориёно» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси кумита Маликшо Неъматов ва мудири […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 23-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» за Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ба ин муносибат дар маркази фарҳангу ҷавонони «Ориёно» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси кумита Маликшо Неъматов ва мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Дилором Мирсаидова ширкат ва суханронӣ намуда, аз як қатор озмуну мусобиқот, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои Ҳафтаи ҷавонон (17-23-юми май) баргузор шуда буд, натиҷагирӣ карда шуд.




           

Ба ғолибони мусобиқаи футбол – дастаи ВКД ва озмуни аз ҷониби радиои «Ватан» таҳти унвони «Тоҷикистон – хона ва умеди мо» ташкилшуда мукофотпулӣ ба маблағи то 1 000 сомонӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. «Ҷамъомади тантанавӣ бо консерти устодони санъат анҷом пазируфт», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки чорабиниҳои ҷашнӣ шоми имрӯз дар боғҳои фароғати «Кӯли ҷавонон» ва «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт идома хоҳад ёфт.




           

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 1998 ҳамасола рӯзи 23-юми май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, 62,3 дарсади аҳолии ҳафтмиллионнафараи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.