Нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе муваққатан аз фаъолият бозмонданд

            Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти ҷумҳурӣ аз баргузории амалиёт бо асъори хориҷӣ – ҳам харидуфурӯши доллари амрикову ҳам евро худдорӣ мекунанд. Кормандони нуқтаҳо сабаби чунин вазъро дар ноустувории қурби асъори миллии кишвар нисбат ба доллари ИМА шарҳ медиҳанд. «Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА пас аз нисфирӯзӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти ҷумҳурӣ аз баргузории амалиёт бо асъори хориҷӣ – ҳам харидуфурӯши доллари амрикову ҳам евро худдорӣ мекунанд. Кормандони нуқтаҳо сабаби чунин вазъро дар ноустувории қурби асъори миллии кишвар нисбат ба доллари ИМА шарҳ медиҳанд. «Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА пас аз нисфирӯзӣ муайян мешавад ва баъд мо ба амалиёт бо асъори хориҷӣ шурӯъ мекунем», – гуфтанд дар яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».




Яке аз соҳибкорони бозори «Корвон» Холмаҳмад Азизов мегӯяд, ки таъҷилан мехост 200 доллари амрикоиашро бо сомонӣ иваз кунад, вале дар тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори наздикии бозор аз қабули он даст кашидаанд. «Сабабашро шарҳ надоданд, лекин гуфтанд, ки то нисфирӯзӣ сабр намоем», – изҳор дошт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» хабаре расид, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори бозори «Султони Кабир» ба фаъолият пардохтаанд, вале онҳо танҳо асъори хориҷӣ, аз ҷумла, 1 доллари ИМА-ро бо арзиши 4,20 сомонӣ, 1 евроро – 5,40 сомонӣ ва 10 рубли русиро бо нархи 1,30 сомонӣ харидорӣ мекунанд.



Ёдрас мекунем, ки дирӯз арзиши харидуфурӯши 1 $ – мутаносибан 4,70 ва 4,80, евро – то 5,9 ва 6 сомонӣ ва 10 рубли русӣ – 1,50 ва 1,60 сомониро ташкил медод.



Дар Бонки миллии Тоҷикистон аз шарҳи вазъ худдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон қурби расмии харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ чунин аст: 1 доллари ИМА – 4,4537,1; 1 евро – 5,9761 ва 10 рубли русӣ – 1,4226 сомонӣ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.