Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар Душанбе тағйироти қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба мушоҳида нарасид

Date:


 



           

Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар Душанбе қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ тағйир наёфт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт чун нимаи дуввуми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта барои 1 $ аз 4,35 то 4,40 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Нархи фурӯши 1 $ ба 4,40 – 4,45 сомонӣ баробар аст.





           

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда буд, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта аз 4,4537 то 4,3743 поин рафт.




           

Мувофиқи маълумоти БМТ, бинобар афзоиши талабот ба асъори миллӣ дар бозори дохилибонкӣ ва байнибонкӣ низ қурби доллари ИМА аз 4,52 то 4,35 сомонӣ коҳиш ёфтааст. «Тамоили мазкур, ки бар асоси тағйирот дар бозор ташаккул меёбад, хусусияти устуворро ба худ касб карда истодааст», – гуфта мешавад дар маълумоти БМТ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...