Боздошти аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло

Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» -Рӯзи 31-уми май дар шаҳри Ваҳдат сокини шаҳри Душанбе Ҷумъабой Сангинов, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов – маъруф бо лақаби Мулло Абдулло буд, ба даст доштан дар ҷиноёти солҳои гузашта содиршуда гунаҳкор дониста мешавад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, Ҷ.Сангинов […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» -Рӯзи 31-уми май дар шаҳри Ваҳдат сокини шаҳри Душанбе Ҷумъабой Сангинов, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов – маъруф бо лақаби Мулло Абдулло буд, ба даст доштан дар ҷиноёти солҳои гузашта содиршуда гунаҳкор дониста мешавад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, Ҷ.Сангинов дар латукӯби шаҳрванд Табаров Н.Х. 4-уми майи соли 1996 ва ҳамлаи ғоратгарона ба истироҳатгоҳи «Оби Гарм» 18-уми ноябри соли 1996 гунаҳкор дониста мешавад.



Дар Тоҷикистон то ҳанӯз тафтиши парвандаҳои ҷиноии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Нимаи моҳи май узви гурӯҳи ҷиноятпешаи Фатҳулло Тоҷиддинов (Эшони Дароз) – сокини ноҳияи Нуробод Музаффар Нуриддинов боздошт гардид. Зимни тафтиш ошкор гардид, ки боздоштшуда дар ҳамроҳӣ бо Мулло Абдулло тӯли солҳои 1994-1999 дар ноҳияи Ваҳдату Файзобод як қатор ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд. «Иштироки М.Нуриддинов дар қатли ду нафар корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Файзобод дар соли 1998 муайян шуд», – афзуд манбаъ.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.