Фармони президент дар бораи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтиву дуруст аст, – назари коршинос

Date:


Кӯлоб. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Агроном-коршиноси шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Амонатбонк» Раҷабалӣ Кулабеков бар ин назар аст, ки фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ мантиқан хеле дурусту саривақтӣ аст.




Номбурда мегӯяд, ягон солеро дар хотир надорад, ки ширкатҳои фючерсӣ саривақт музди меҳнати кишоварзонро дода, пахтакоронро бо маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда бошанд ва маҳз ин ширкатҳо сабабгори ба қарз ғӯтидани хоҷагиҳо шуданд. «Ширкатҳои фючерсӣ ба таври сунъӣ арзиши маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералиро баланд бардошта, мӯҳлатҳои саривақт таъмин кардани онро риоя намекарданд», – гуфт ӯ.



Коршинос афзуд, феълан вазъ тамоман дигаргун аст ва дар мавсими соли гузашта 226 хоҷагии деҳқонӣ мустақиман аз бонкҳо қарз гирифта, 200 хоҷагӣ аз ӯҳдаи иҷрои нақша баромадаанд. «Барои ҳалли пурраи мушкилоти соҳаи пахтакорӣ мебояд дар баробари ҳалли масъалаи қарзҳои пешина, ҳамчунин масъалаи фурӯши маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳоро низ ҳаллу фасл намуд», – изҳор дошт Кулабеков.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...