Парвандаи ҷиноии собиқ кормандони ОМОН ба додгоҳ ирсол гардид

Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии кулли ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноии як зумра кормандони гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи (ОМОН) Тоҷикистонро, ки гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ созмон дода, дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин дар қаламрави кишвар гумонбар дониста мешаванд, баррасӣ намуд ва ба Додгоҳи Олии ҶТ ирсол кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии кулли ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноии як зумра кормандони гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи (ОМОН) Тоҷикистонро, ки гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ созмон дода, дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин дар қаламрави кишвар гумонбар дониста мешаванд, баррасӣ намуд ва ба Додгоҳи Олии ҶТ ирсол кард.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни тафтишот муайян шудааст, ки собиқ корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхӯҷа Низомов роҳбарии гурӯҳро ба ӯҳда дошта, собиқ муовини фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса Равшан Ҳомидов, собиқ сардори қисми навбатдории ин сохтор Тоҳир Раҳимов ва бекорон Хуршед Исломов ва Абдухалил Фаттоев ба ҳайати гурӯҳ шомил будаанд.



Ёдрас мекунем, ки ҳамаи онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи «Lexus-350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуда буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.