Фармони президент дар бораи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтиву дуруст аст, – назари коршинос

Кӯлоб. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Агроном-коршиноси шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Амонатбонк» Раҷабалӣ Кулабеков бар ин назар аст, ки фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ мантиқан хеле дурусту саривақтӣ аст. Номбурда мегӯяд, ягон солеро дар хотир надорад, ки ширкатҳои фючерсӣ саривақт […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Агроном-коршиноси шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Амонатбонк» Раҷабалӣ Кулабеков бар ин назар аст, ки фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ мантиқан хеле дурусту саривақтӣ аст.




Номбурда мегӯяд, ягон солеро дар хотир надорад, ки ширкатҳои фючерсӣ саривақт музди меҳнати кишоварзонро дода, пахтакоронро бо маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда бошанд ва маҳз ин ширкатҳо сабабгори ба қарз ғӯтидани хоҷагиҳо шуданд. «Ширкатҳои фючерсӣ ба таври сунъӣ арзиши маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералиро баланд бардошта, мӯҳлатҳои саривақт таъмин кардани онро риоя намекарданд», – гуфт ӯ.



Коршинос афзуд, феълан вазъ тамоман дигаргун аст ва дар мавсими соли гузашта 226 хоҷагии деҳқонӣ мустақиман аз бонкҳо қарз гирифта, 200 хоҷагӣ аз ӯҳдаи иҷрои нақша баромадаанд. «Барои ҳалли пурраи мушкилоти соҳаи пахтакорӣ мебояд дар баробари ҳалли масъалаи қарзҳои пешина, ҳамчунин масъалаи фурӯши маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳоро низ ҳаллу фасл намуд», – изҳор дошт Кулабеков.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.