Дар Душанбе шахсони номаълум вориди манзили зисти намояндаи САҲА гардида, чизҳои қимматбаҳоро дуздиданд

Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази шаҳри Душанбе шахсони номаълум чизҳои шахсии шаҳрванди Полша, корманди Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро дуздиданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, шаби 31-уми май ба 1-уми июн шахсони номаълум панҷараи оҳании тирезаи манзили зисти намояндаи САҲА-ро шикаста вориди хона мешаванд ва […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази шаҳри Душанбе шахсони номаълум чизҳои шахсии шаҳрванди Полша, корманди Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро дуздиданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, шаби 31-уми май ба 1-уми июн шахсони номаълум панҷараи оҳании тирезаи манзили зисти намояндаи САҲА-ро шикаста вориди хона мешаванд ва аз он ҷо аксбардори


Sony


, 2 телефони мобилӣ, гарданбанди тилло ва ҳамчунин 400 сомониву 100 Евро маблағро ғорат мекунанд. «Ғайр аз ин, ҷинояткорон як силсила ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шиносномаи хориҷӣ ва корти плостикии


Visa


-ро низ бо худ бурдаанд», – гуфт манбаъ.



Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.