Дар Панҷи Поён задухӯрди марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст

Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён задухӯрди марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ доданд, субҳи рӯзи 1-уми июн дар қаламрави таҳти назорати гузаргоҳи Панҷи-Поён қарордошта гурӯҳи қочоқбарони афғон тавассути рӯдхонаи Панҷ мехостанд марзи […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён задухӯрди марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ доданд, субҳи рӯзи 1-уми июн дар қаламрави таҳти назорати гузаргоҳи Панҷи-Поён қарордошта гурӯҳи қочоқбарони афғон тавассути рӯдхонаи Панҷ мехостанд марзи давлатии Тоҷикистонро убур намоянд, вале аз чашми сарҳадбонон пинҳон шуда натавонистанд. «Миёни марзбонону қочоқбарон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, як қочоқбар ҳалок ва як марзбон захмӣ шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки қочоқбарони боқимонда ба хоки Афғонистон паноҳ бурданд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷойи ҳодиса 10 кило афюн ва 1 адад туфанчаи Макаров дарёфт шуд. «Роҳбарии гурӯҳи мазкурро шаҳрванди Афғонистон Қорӣ валади Ҳошим ба ӯҳда дошта, ин гурӯҳ якчанд маротиба дар сарҳад қонуншиканӣ кардааст», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.