Ғулом Бобозода: Беқурбшавии асъори миллӣ ба роҳандозии истеҳсоли мол дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат мекунад

Date:



           

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки беқурбшавии асъори миллӣ зери таъсири омилҳои беруна сурат гирифта, он натанҳо падидаи манфӣ, балки мусбатро низ дорост. «Аксари кишварҳо, аз ҷумла Русияву Қазоқистон бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дастгирии рақобатпазирии маҳсулоти онҳо дар бозор ба беқрубшавии асъори миллӣ рӯ оварданд», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, дар сурати беқурбшавии асъори миллӣ, воридот ва фурӯши молҳои хориҷӣ фоидаовар нахоҳад буд ва аз ин рӯ, он ба роҳандозии истеҳсоли мол дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат карда, мутаносибан ба муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши воридоти маблағ ба буҷа ва кам гардидани вобастагӣ ба омилҳои берунӣ боис мегардад. «Поинравии босуръати қурби асъори миллӣ дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми маблағи фурӯши маҳсулоти содиротӣ ва кам шудани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба вуҷуд омад ва он мутобиқи тамоилҳои бозор сурат мегирад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки баҳри сабук гардонидани таъсири тағйирёбии фавқулоддаи қурби он Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои дар ихтиёр доштаашро истифода хоҳад бурд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...