Ғулом Бобозода: Беқурбшавии асъори миллӣ ба роҳандозии истеҳсоли мол дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат мекунад

            Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки беқурбшавии асъори миллӣ зери таъсири омилҳои беруна сурат гирифта, он натанҳо падидаи манфӣ, балки мусбатро низ дорост. «Аксари кишварҳо, аз ҷумла Русияву Қазоқистон бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дастгирии […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки беқурбшавии асъори миллӣ зери таъсири омилҳои беруна сурат гирифта, он натанҳо падидаи манфӣ, балки мусбатро низ дорост. «Аксари кишварҳо, аз ҷумла Русияву Қазоқистон бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дастгирии рақобатпазирии маҳсулоти онҳо дар бозор ба беқрубшавии асъори миллӣ рӯ оварданд», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, дар сурати беқурбшавии асъори миллӣ, воридот ва фурӯши молҳои хориҷӣ фоидаовар нахоҳад буд ва аз ин рӯ, он ба роҳандозии истеҳсоли мол дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат карда, мутаносибан ба муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши воридоти маблағ ба буҷа ва кам гардидани вобастагӣ ба омилҳои берунӣ боис мегардад. «Поинравии босуръати қурби асъори миллӣ дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми маблағи фурӯши маҳсулоти содиротӣ ва кам шудани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба вуҷуд омад ва он мутобиқи тамоилҳои бозор сурат мегирад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки баҳри сабук гардонидани таъсири тағйирёбии фавқулоддаи қурби он Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои дар ихтиёр доштаашро истифода хоҳад бурд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.